Маъюбон ба ҳамаи хизматрасониҳо дастрасии баробар доранд
ДУШАНБЕ, 20.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақсад, вазифа ва самти стратегии «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» имрӯз, 20 январ дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷамъомад нақшаи иҷро ва механизмҳои мониторинг ва баҳодиҳии «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» муҳокима шуд.
Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода баён дошт, ки тавонбахшии маъюбон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин самт тадбирҳои зиёд андешида мешаванд.
«Мақсади барномаи миллӣ беҳтар намудани сатҳи тандурустӣ, тавонбахшӣ ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбӣ, фароҳам овардани муҳити мусоид бо имконоти баробар барои ҳама мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар ҷумҳурӣ 143 ҳазору 862 нафар маъюб, аз ҷумла беш аз 25 ҳазор нафар кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд. Дар доираи барномаи мазкур ҳар яки онҳо бояд мутобиқ бо барномаҳои инфиродӣ ва тавонбахшӣ фаро гирифта шаванд, ки ин масъала ҳадафи асосии барнома маҳсуб мешавад. Бо назардошти он ки соли 2017 соли ҷавонон эълон гардид, зарур аст нисбат ба тавонбахшии кӯдакони маъюб тадбирҳои бештару судманд андешида шаванд»,-илова намуд Саида Умарзода.
Роҳбари намояндагии ТУТ дар Тоҷикистон Игор Поканевич зикр намуд, ки имрӯз қариб 15 фоизи аҳолии ҷаҳон бо ягон навъи маъюбӣ зиндагӣ мекунанд. Шахсони имконияташон маҳдуд дар самти хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ, таълим, шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ бо монеаҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксари хизматрасониҳои мавҷударо барои шахсони маъюб аз ҳисоби буҷети миллӣ маблағгузорӣ менамояд. Мувофиқи нишондиҳандаҳои соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои нигоҳубини маъюбон 14,0 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои нигоҳубини рӯзона 24,8 ҳазор сомонӣ харҷ намудааст. Дар ин давра беш аз ҳазор нафар маъюб бо воситаҳои техникии ёрирасон бо арзиши умумии 37,9 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуданд.
Беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ барои маъюбон омили муҳими мусоидаткунанда барои ноил шудан ба кӯшиши умедҳо, аз ҷумла ба таҳсилот, имконияти ёфтани шуғл, нигоҳубин ва иштирок дар оила, ҷомеа ва ҳаёти иҷтимоӣ аст.








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад






