Қосим Роҳбар бо Даниел Шербан тадбирҳо оид ба баланд бурдани устувории молиявии ҷамоатҳоро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 18 январи соли 2016 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумита Қосим Роҳбар бо Роҳбари лоиҳаи USAID оид ба идоракунии маҳаллӣ Даниел Шербан баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот Қосим Роҳбар бо Даниел Шербан масъалаҳои имкониятҳои минбаъдаи ҳамкории Лоиҳаи USAID оид ба идоракунии маҳаллӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои вазифаҳои «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030», аз ҷониби Лоиҳа дастгирӣ намудани неруи институтсионалии Кумитаи рушди маҳал, ташкили сафари хориҷии омӯзишӣ бо мақсади шиносоӣ бо таҷрибаи кори сохторҳои идоракунии минтақавию маҳаллиро баррасӣ карданд. Инчунин ғайримарказисозии хизматрасонӣ, воридсозии усулҳои самараноки баҳодиҳӣ ба фаъолияти мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, чораҳо оид ба баланд бурдани устувории молиявии ҷамоатҳо низ муҳокима шуданд.
Даниел Шербан таъмини иҷрои чорабиниҳои мазкурро аз муҳимтарин масъалаҳои таҳким ва устувор гардонидани ҳамкорӣ байни лоиҳаи USAID дар идоракунии рушди маҳал арзёбӣ намуда, илова намуд, ки USAID ҳамеша омода аст дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030» фаъолона иштирок намояд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ ҳар ду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки барои таъмини иҷрои босифати чорабиниҳо дар доираи Нақшаи амали татбиқи «Консепсияи идоракунии рушди маҳали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030», «Стратегияи миллии рушд Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 2020» механизми муассири ҳамоҳангсоз роҳандозӣ гардад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






