Ҷозеф Лим лоиҳаи «Сохтмони роҳи оҳан аз истгоҳи роҳи оҳани «Спитамен» то МОИ «Суғд»»-ро дастгирӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 12.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Аскар Нурализода, муовини сардори сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд оид ба таҳлили лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҳамоҳангсози Раёсати Осиё ва Уқёнуси ором Ҷозеф Лим мулоқот намуданд.
Тавре ки Нуралӣ Шоқурбонов, сардори маркази матбуоти вазорати мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, зимни вохӯрӣ лоиҳаи сармоягузории сохтмони роҳи оҳан аз истгоҳи роҳи оҳани «Спитамен» то минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки амалисозии лоиҳаи мазкур на танҳо ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», балки ба рушди бахши хусусии вилояти Суғд низ мусоидат хоҳад кард.
«Ҷозеф Лим омодагии хешро аз дастгирии лоиҳаи асосноккунии техникию иқтисодии «Сохтмони роҳи оҳан аз истгоҳи роҳи оҳани «Спитамен» то МОИ «Суғд»» изҳор намуд»,-илова намуд Н. Шоқурбонов.
Дар ниҳоят тарафҳо аз ҳамкории самарабахши соҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд изҳори қаноатмандӣ карда, азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ баён доштанд.








Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ баста шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд






