Пагоҳ роҳбарони Академияи илмҳо, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб мегӯянд

Январь 11, 2017 12:03

ДУШАНБЕ, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 12 январи соли 2017 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд. Зимни нишастҳо роҳбарони ин ниҳодҳо аз дастовард ва камбудиҳои соҳаи худ ба хабарнигорони ВАО гузориш медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки нишасти матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 9-00, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10:30 ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соати 14:00 дар толори маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мегарданд.
Барои гузаронидани нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо метавонанд бо маркази матбуоти АМИТ «Ховар» бо рақами телефони 918-21-52-04 тамос гиранд.

Январь 11, 2017 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад