Пагоҳ роҳбарони «Тоҷикаэронавигатсия» ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо рӯзноманигорон суҳбат мекунанд

Январь 25, 2017 16:55

ДУШАНБЕ, 25.01.2017 /АМИТ Ховар/. Пагоҳ, 26 январи соли равон тибқи нақшаи тасдиқшуда нишастҳои матбуотии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷикаэронавигатсия», Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Зимни нишастҳо роҳбарони ин ниҳодҳо аз дастовард ва камбудиҳои соҳаи худ ба хабарнигорони ВАО гузориш медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки нишасти матбуотии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 9:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», нишасти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» соати 9:00 дар бинои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Хадамоти зиддиинҳисорӣ соати 11:00 дар бинои Хадамот (собиқ бинои Вазорати мелиоратсия) ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» доир мегарданд.
Барои гузаронидани нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо метавонанд бо маркази матбуоти АМИТ «Ховар» бо рақами телефони 918-21-52-04 тамос гиранд.

Январь 25, 2017 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид