Паёми Пешвои миллат аз ҷониби мардум хеле самимона қабул шудааст (Бардошт аз натиҷаи суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов)
ДУШАНБЕ, 27.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳҳои ташвиқотиву тарғиботӣ оид ба шарҳи мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият намуданд.
Ба гурӯҳи ташвиқотӣ устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва Ҳизби Халқии Демократӣ дар ноҳияи мазкур шомил буданд.
Дар ҳақиқат аз суҳбат бо аҳолӣ аён гардид, ки мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Президенти кишвар барои сокинон фаҳмост. Онҳо аз нуктаҳои асосии Паём, ки аз зиндагии ҳаррӯзаашон гирифта шудааст, рӯҳу илҳоми тоза гирифта, Паёмро ба сифати дурнамо ва низомномаи фаъолияти худ қарор додаанд. Аъзои гурӯҳи кории мо бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои дурдасти ноҳия, аз ҷумла дар шаш ҷамоати ноҳияи Ҷаббор Расулов ва деҳаҳои дурдаст, ки мардуми қирғизнишин ва ӯзбекнишин дар он ҷо зиндагӣ доранд, Паёмро ба аҳолӣ фаҳмониданд.
Дар вохӯриҳо доир ба ҳадафҳои муҳиму стратегии кишвар, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ ва сохтмони роҳҳо дар ҳудуди ноҳия, вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, оид ба худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин ва муносибати самаранок ба замин суҳбатҳо сурат гирифтанд. Ҳамзамон вобаста ба соҳаи тандурустӣ ноиби Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Дилшод Солиҳов, оид ба соҳаи маориф устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Насрулло Убайдуллоев ва дар масъалаи соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017, мақоми зан дар ҷомеа, пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ дар байни шаҳрвандон ва сиёсати дарҳои кушода Шералӣ Ризоён, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ дар ҷамоатҳо суҳбат карданд.
Зимни вохӯриҳо вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паём зикр шудаанд, оид ба ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, нақши мактабу маориф, ба роҳ мондани омӯзиши Конститутсия ва ду қонуни миллӣ сухан гуфта шуд. Ҳамчунин дар мулоқотҳо оид ба як масъалаи бисёр муҳими ҷаҳони имрӯза, ки Президенти кишвар дар Паём зикр намуданд ва иштирокчиёни гурӯҳи корӣ низ ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, яъне шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистиву террористӣ суханҳои муфиди зиёд баён шуданд. Маълум гардид, ки мутаассифона, аз ноҳияи Ҷаббор Расулов 26 нафар дар ҷангҳои хориҷи кишвар иштирок доранд. Барои такрор нашудани чунин ҳолат ва тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон ба сокинон маслиҳатҳои муфид пешниҳод шуданд.
Мо дар баробари шарҳу баёни нуктаҳои муҳими Паём, зимни суҳбатҳо бо мардум аз мушкилоти онҳо огоҳӣ пайдо намуда, ҷиҳати бартараф намудани бархеи онҳо роҳбарияти ноҳияро дар ҷараён гузоштем. Ман ҳамчун роҳбари гурӯҳ ба хулосае омадам, ки сиёсати имрӯзаи роҳбарияти кишвар аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бисёр самимона қабул карда шуда, дастгирӣ ёфтааст. Мардум паи меҳнату заҳмат, ободиву шукуфоӣ ва пешрафти рӯзгори худ камар бастаанд.
Юсуф ЮСУФЗОДА,
мушовири бахши Ёрдамчии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ








ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
Аз 1 сентябр маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Руҳафзои ноҳияи Темурмалик 9 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми фасли тирамоҳ то 1 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад






