Паёми Пешвои миллат-роҳ ба сӯи бунёдкориву созандагӣ
ДЕВАШТИЧ, 17.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич ҷиҳати тафсири бандҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва гурӯҳҳои тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардуми ноҳия роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти Муҷун низ чунин мулоқот бо сокинони он доир шуд.
Зимни мулоқот намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат сухан ронда, дар бораи се ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ибрози ақида намуданд.
Ҳамчунин яке аз ҷавонони фаъоли ҷамоати деҳоти Муҷун иброз дошт, ки «эълон шудани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон моро хеле рӯҳбаланд гардонид. Мо, насли ҷавон тамоми донишҳои муосирро аз худ намуда, ваъда медиҳем Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ чун кишвари пешрафта муаррифӣ намоем».








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






