Раиси Кумитаи андоз: «Дар натиҷаи санҷишҳо пинҳонкунии андозҳо ошкор гардид»

Январь 26, 2017 10:36

Нусратулло ДавлатзодаДУШАНБЕ, 26.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 нисбат ба фаъолияти 1883 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузарониданд, ки беш аз 1 миллиарду 76 миллион сомонӣ кам ҳисобида шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии ин ниҳод раиси Кумита Нусратулло Давлатзода хабар дод.
Бо такя ба маълумоти раиси Кумита, дар натиҷаи санҷиш пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, 638,7 миллион сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд.
Нусратулло Давлатзода дар робита ба ин маълумот зикр кард, ки ин нишондод нисбат ба соли 2015 аз ҳисоби санҷишҳои ба буҷети давлатӣ воридшуда 211 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Роҳбарияти мақомоти андоз таъкид доштанд, ки соли гузашта нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 101 дарсад таъмин гардидааст.
Дар ин давра дар натиҷаи санҷишҳои амалиётӣ зиёда аз 24 ҳазору 600 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Январь 26, 2017 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад