Расонаҳои мисрӣ ва арабӣ дар бораи ташаббуси Тоҷикистон роҷеъ ба об дар СММ

Январь 9, 2017 12:05

ДУШАНБЕ, 09.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 7 январи 2017 аксари расонаҳои электронии Миср бо истинод ба Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна (Middle East News Agency — MENA) хабареро дар бораи ташаббуси кишвари мо роҷеъ ба об дар СММ мунташир намуданд. Дар ин бора аз СафоратиҶумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира хабар доданд.

Ҳоло дар зер тарҷумаи хабари мазкур пешниҳод мешавад:

«СММ ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълони Даҳсолаи байналмилалии об, 2018-2028-ро пазируфт

         Қоҳира, (МЕНА). Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ баён намуд, ки чанде пеш Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълон кардани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро пазируфт. 177 кишвари узви СММ, аз ҷумла Миср ба рӯйхати бониёни қатъномаи дахлдор пайвастанд.

Ӯ дар баёнияи худ ба Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна рӯзи шанбе гуфт, ки қарор аст ин Даҳсола аз Рӯзи ҷаҳонии об, ки ба 22 марти соли 2018 рост меояд, оғоз гардида, 22 марти соли 2028 ба поён расад. Дар давоми Даҳсолаи мазкур таваҷҷуҳи бештар ба рушди пойдор ва мудирияти ҷомеи захираҳои обӣ дар ҳамаи сатҳҳо, татбиқ ва таблиғи барномаҳо ва лоиҳаҳои дахлдор, инчунин ба густариши ҳамкорӣ ва шарокат дар ҳамаи сатҳҳо ба манзури мусоидат дар амалӣ гардидани ҳадафу вазифаҳои рушди марбут ба об, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳанг гардидаанд, аз ҷумла ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар Дастури кори рушди пойдор то соли 2030 омадаанд, дода хоҳад шуд.

Х.Нозирӣ ишора намуд, ки ин ташаббусро бори нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафтумин Форуми ҷаҳонии об, ки 12 апрели 2015 дар Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, эълон карда буд».

Қобили зикр аст, ки хабари мазкурро илова ба расонаҳои мисрӣ, расонаҳои дигари арабӣ, аз қабили иморотӣ, қатарӣ ва ғайра дар саҳифаҳои электронии худ бознашр кардаанд.

Январь 9, 2017 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд