Рустам Шоҳмурод: «Дар муассисаҳои ислоҳотӣ ягон гурӯҳи ифротӣ имкони бурдани ташвиқоту тарғиботро надорад»

Январь 25, 2017 16:56

Адля (5)ДУШАНБЕ, 25.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар муасиссаҳои ислоҳотӣ ягон гурӯҳи ифротӣ имкони бурдани ташвиқоту тарғиботро надорад. Дар ин бора Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод имрӯз, 25 январ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Инҳо муассисаҳои пӯшида буда, нафароне, ки байни маҳбусон кор мебаранд, кормандони тарбиявии мақомотанд. Воридшавӣ ба чунин муасисаҳо тартиби муайян доранд,-афзуд вазир.
Бино ба иттилои Рустам Шоҳмурод, дар соли 2016-ум 64 маҳкумшуда фавтида, аз ин теъдод 16 нафар аз бемории сил, 44 нафар аз амрози дарунӣ ва 4 нафар аз ҳодисаҳои ногувор дар истеҳсолот ҳалок гаштаанд. Ягон ҳолати худкушӣ дар ин давра ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳар як ҳодисаи фавтидани маҳбусон аз ҷониби комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ санҷида мешавад. Ҳамаи ҳолатҳо аз ҷониби прокуратураи махсус дар ин соҳа назорат мешаванд,-илова намуд вазир.
Бино ба маълумоти вазир, дар соли 2015-ум дар муасиссаҳои ислоҳотӣ беш аз 120 ҳолати бастани акди никоҳ, дар соли 2016 бошад, дар Тоҷикистон 143 ҳолати дар маҳбас ақди никоҳ бастани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.

Январь 25, 2017 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд