Саҳми мақомоти гумрук дар рушди иқтисодиёт
ДУШАНБЕ, 19.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Мақомоти гумрук ва саҳми он дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат»- таҳти чунин унвон бахшида ба 25-солагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) ҷамъомад доир шуд.
Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, муовини ректор оид ба илми ДМИТ Ғиёсиддин Ашуров зикр кард, ки мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 25 соли фаъолият ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуда, дар қатори дигар сохторҳои бахши иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқ саҳми арзандаи худро дар рушди ҷомеа гузоштааст.
Зимни маърӯзаҳо пешниҳод карда шуд, ки дар шароити кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми назорати гумрукӣ ва хати гумрукӣ бояд дуруст ташкил карда шавад. Модели пешниҳоднамуда ба се чиз асос меёбад- инҳо бо селаи борҳои воридотӣ ва борҳои содиротӣ истифодаи дурусти воситаҳои нақлиёт, модели селавиро истифода бурда, сарфаи вақтро ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ ба назар гирифтан аст.
Дар охир барои рушди соҳаи гумрук якчанд самти асосӣ ҷудо карда шуд, аз қабили рушди инноватсионии пояи моддию техникии соҳа, таҳким ва рушди инфрасохтори гумрук, автоматикунонӣ байни мақомоти гумрук ва ташкилотҳои нақлиётӣ ва декларантҳо, таҷдиди назар кардани меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ, таҳия, такмил ва содагардонии шакл ва усулҳои назорати гумрукӣ, мубориза бар зидди вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, мусоидат намудан ба амалигардонии тадбирҳое, ки ба ҳифзи манфиатҳои молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва истеъмолкунандагони молҳои воридотӣ равона гардидаанд ва ғайраҳо.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






