Саидаъло Мирзоев: «Хатмкардагони Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар корхонаҳои шаҳри Душанбе бо кор таъмин шуданд»
ДУШАНБЕ, 27.01.2017 /АМИТ Ховар/. Саидаъло Мирзоев, Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (ДДМ) ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар соли 2016 филиалро 135 нафар донишҷӯён хатм карданд.
Қисми зиёди хатмкардагони Филиали ДДМ тавассути роҳхат дар корхонаҳои шаҳри Душанбе бо кор таъмин шуданд. 52 нафари онҳо чун магистр дар донишгоҳҳои бонуфузи дунё, аз ҷумла дар донишгоҳҳои Москва, Япония, Англия ва Россия таҳсил доранд.
Ба иттилои Саидаъло Мирзоев, дар Филиали ДДМ шуъбае мавҷуд аст, ки кормандони он бевосита бо хатмкунандагони донишгоҳ, ки дар хориҷ аз кишвар зинаи дуюми таҳсилро идома медиҳанд, дар тамос шуда, ҳар шашмоҳа аз натиҷаи таҳсили онҳо ба директор ҳисобот медиҳанд.









БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






