Шариф Назарзода: «Ҷиноятсодиркунӣ миёни ҷавонону наврасон дар вилояти Суғд коҳиш ёфтааст»
ДУШАНБЕ, 26.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории дуҷонибаи мақомоти милитсия бо рӯзноманигорон имконият медиҳад, ки масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он дар воситаҳои ахбори омма инъикоси воқеъбинона ёфта, баҳри бартараф намудани камбудию норасоиҳои дар фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомот ҷойдошта мусоидат намояд. Дар ин бора сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Шариф Назарзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Тавре аз РВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, Шариф Назарзода зикр намуд, ки роҳбарияти Раёсат дар вилояти Суғд бо рӯзноманигорон робитаи зич дошта, ҳар як маводи ба фаъолияти мақомоти милитсия дахлдоштаро мавриди таҳлилу муҳокима қарор медиҳанд.
Шариф Назарзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми соли 2016 ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Мавсуф оид ба ҷиноятҳои содиршуда дар соли сипаришуда маълумот дода, бо ёдоварӣ аз натиҷаҳои солҳои қаблӣ вазъи ҷинояткориро дар минтақа таҳлил намуд.
Сардори мақомоти милитсияи вилоят ҳамчунин оид ба коҳиш ёфтани ҷиноятсодиркунии ноболиғону ҷавонон, афзудани қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва натиҷаҳои назарраси амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» дар ҳудуди вилояти Суғд ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






