Шариф Саид: «Дар давоми сол бо беш аз 350 намояндаи кишварҳои мухталифи ҷаҳон вохӯрӣ доир намудем»
ДУШАНБЕ, 11.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Палатаи савдо ва саноати кишварҳои ҷаҳон, ҳайатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва корпусҳои дипломатӣ ба содиркунандагони ватанӣ барои пайдо намудани бозорҳои нав аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ҷалб намудани сармоя ба кишвар, инчунин ширкат дар амалисозии «Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар мадди аввал гузоштааст», -зикр намуд имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид.
Ба гуфтаи Шариф Саид, Палатаи савдо ва саноат дар давоми сол бо 350 намояндаи кишварҳои мухталифи ҷаҳон вохӯрӣ доир намуда, барои соҳибкорони ватанӣ дар дохили кишвар беш аз 40 намоишгоҳ доир намудааст.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки аз тарафи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 созишнома «дар бораи ҳамкорӣ» бо ширкатҳо, Палатаҳои савдо ва саноат ва идораҳои марбутаи кишварҳои Россия, Полша, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Беларус ва Ӯзбекистон ба имзо расонида шудаанд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






