Ширкати «Салини Импреҷило» боварӣ дорад, ки эътимоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор мегардад
ДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Салини Импреҷило» ҳамчун ширкати боэътимод ва пешсаф дар сохтмони сарбандҳо, ки дар бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» иштирок менамояд, боварӣ дорад, ки дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта, эътимоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор мегардад.
Ин матлабро имрӯз ба хабарнигорон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд.
Ба маълумоти Пиетро Салини, ҳоло дар сохтмони иншооти муҳими гидроэнергетикӣ мутахассисони варзида ҷалб гардидаанд, ки дастаҷамъона фаъолият доранд.
«Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин орзуи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст ва он корҳоеро, ки мо барои бартараф намудани мушкилоти соҳаи барқ дар Тоҷикистон ба иҷро мерасонем, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона гардидаанд», илова намуд Роҳбари ширкат.








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






