Соли 2016 аз ҳудуди вилояти Хатлон 91 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 иҷрои дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 163,6 фоиз таъмин гардида, аз ҳудуди вилояти Хатлон 91 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 9537 тонна зиёд мебошад. Дар ин самт саҳми ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбанд назаррас аст. Ин матлабро раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон таъкид намуд.
Тавре раиси вилоят зикр намуд, гардиши савдои хориҷӣ дар вилоят сол то сол беҳтар гардида, дар соли равон ин нишондиҳанда 310,8 миллион долларро ташкил медиҳад. Нисбат ба соли 2015 ҳаҷми гардиши содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар афзуда, ҳиссаи содироти маҳсулоти табиӣ — 3,0 тонна, пилла — 16,2 тонна, калобаи ресандагӣ — 268,7 тонна, намак — 2111,7 тонна, тухми парранда — 108,0 ҳазор дона, кунчаки оҳанӣ — 324,0 тонна, қувваи барқ 143,7 миллион квт соат, дигар маҳсулот — 3529,0 тонна ва маҳсулоти кишоварзӣ — 1890,2 тонна зиёд гардидааст.
Ҳамзамон боиси зикр аст, ки бо ба истифода додани корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент», «Ҷунтай Моҳир семент»-и ноҳияи Ёвон содироти сементи маҳаллӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон афзоиш ёфта, дар ин давра 202 ҳазору 441 тонна семент содирот карда шуда, ба коҳишёбии воридоти он мусоидат намуд. Дар ин давра, ҳамагӣ ба вилоят 35 тонна семент ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 6342,5 тонна кам мебошад.








Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






