Соли равон дар Хуҷанд 800 ҳазор қаламчаи гули садбарг шинонида мешавад

Январь 9, 2017 12:07

ХУҶАНД, 09.01.2017. /АМИТ Ховар/. Шурӯъ аз 10 декабр дар шаҳри Хуҷанд мавсими гулу ниҳолшинонӣ оғоз мегардад. То ин дам аз ҷониби кормандони Сарраёсати ободонӣ ва сабзазоркунӣ дар маркази вилоят корҳои ҳамворкуниву омоданамоӣ барои шинондани ниҳолҳои сояафкан дар хиёбонҳои асосии шаҳр -Истиқлол, ба номи И. Сомонӣ, кӯчаҳои ба номи С. Полвонов, С. Умарӣ, Бофанда ва Гагарин ба анҷом расонда шудаанд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулин аз Сарраёсати ободонӣ ва сабзазоркунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд, дирӯз беш аз 20 нафар кормандон дар майдони ба номи Р. Ҳоҷиев корҳои ҳамворнамоиро идома дода, дар ин минтақа 76 бех ниҳоли навъи арча ва 55 бех ниҳоли навъи санавбар шинониданд.
Ба иттилоъи манбаъ, соли равон тибқи нақшаи идораи Сарраёсати ободонӣ ва сабзазоркунӣ дар мавзеъҳои мухталифи шаҳр шинондани беш аз 3 ҳазор дарахтони сояафкан ва 800 ҳазор қаламчаи гули садбарг ва ҳамчунин дарахтони намудҳои булут, каталпа, санавбари шарқӣ пешбинӣ гардидааст.

Январь 9, 2017 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»