Суғд: Ҷалби хонандагони болаёқат ва аз оилаҳои ниёзманд ба истироҳатгоҳҳои зимистона
ДУШАНБЕ, 04.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи таътили зимистонаи мактабиён бо иқдоми Раёсати маорифи вилояти Суғд ба истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 нафар мактабиён ҷалб карда мешаванд.
Тавре аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд, шурӯъ аз 2 январ аллакай 300 нафар хонандагон ба истироҳат оғоз карданд. Даври дуюм аз 12 январ оғоз ёфта, то 20 январ идома хоҳад кард. Дар даври сеюм, ки 22 январ оғоз меёбад, 100 нафар хонандагони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат, ҳамчунин 100 нафар хонандагони болаёқат, ғолибони олимпиадаҳо ва академияҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба истироҳати ройгон фаро гирифта мешаванд.
«Дар истироҳатгоҳ барои фароғату фаъолияти хонандагон маҳфилҳои гуногун амал карда, дар назар аст, ки тӯли як моҳ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ низ доир карда шаванд»,- хабар доданд аз Раёсати маорифи вилоят.