Субҳон Сафиалоев, котиби якуми кумитаи душанбегии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон: «Ҳизбҳои сиёсӣ бояд шарики боэътимоди давлат бошанд!»

Январь 30, 2017 16:07

ДУШАНБЕ, 30.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 27 январи соли 2017, ки  ба ҳайси намояндаи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар машварати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок доштам, аз баромади пурмӯҳтаво ва воқеан ҳам таҳлилиашон бори дигар эҳсос намудам, ки Роҳбари давлати тоҷикон бо мақсади амалӣ намудани  орзую ормонҳо ва ҳадафҳои дар назди худ гузошта, ҷиҳати комилан ба истиқлолияти воқеӣ расидан ва аз  мушкилот баровардани Тоҷикистони воҳиду ҷудонопазири мо ба кумаку дастгирӣ ва самимияти ҳақиқии аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ниёз доранд.

Президенти кишвар дар баромади самимияшон аз вазифаи таърихии иҷрокардаи аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар давоми 20 соли фаъолият изҳори қаноатмандӣ намуда, дар баробари ин аз ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ, иттиҳодияҳою иттифоқҳои гуногун ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ тақозо намуданд, ки ҳамчун неруи асосии Шӯрои ҷамъиятӣ бояд дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои ҳукуматӣ ба сифати шарики боэътимоди давлат иштирок намоянд.

Ин даъвати самимии роҳбарияти кишварро Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон комилан ҷонибдорӣ менамод. Зикр  кардан зарур аст, ки ҲКТ ҳанӯз аз аввали ба фаъолият шурӯъ намудани Шӯрои ҷамъиятӣ мақсаду мароми барномавӣ ва оинномавии худро баҳри мусоидати иттиҳоди ҳамаи неруҳои солими ҷомеа, ба хотири аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ баровардани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани ислоҳоти бунёдӣ ба манзури таҳкими шаклҳои гуногуни моликият, рушди иқтисодиёт, ҳифзи иҷтимоӣ ва беҳбуд бахшидани некуаҳволии халқ, таъмини волоияти қонун, сулҳу суботи комил, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, вобаста ба шароиту имкониятҳо ба ҳайси яке аз  аъзои фаъоли Шӯрои ҷамъиятӣ ва  яке аз шарикони боэътимоди давлат равона карда истодааст.

Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон бо дилпурию дилгармӣ қайд намуданд, ки «ваҳдату ҳамдастӣ ва ҳамдигарфаҳмию эҳтироми ҳамдигар пояи боэътимоди истиқлолият, тавоноӣ ва шикастнопазирии давлатро ташкил медиҳанд ва риояи он, хусусан дар шароити кунунӣ амри зарурӣ ба ҳисоб меравад».

         Ин суханони барҳақи Президенти кишвар бори дигар ҳар як фарди солимфикр, бахусус ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистонро водор месозанд,   ки самимонаю дилгармона ва бо  тамоми масъулият ба қадри заҳмату талошҳои роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон расанд ва арҷгузор бошанд.

Зеро Пешвои миллати тоҷик, новобаста аз фишорҳои дохилию берунӣ тайи 25 соли роҳбариашон тавонистанд, ки бо як дӯстдорию самимияти беандоза халқу миллати тоҷикро ба ҳам биёранд, даст ба даст гирифта, ҳамдигарфаҳмию эҳтироми тарафайни кулли мардумро дар Ватани ҷудонопазири мо роҳандозӣ ва сулҳу суботу Ваҳдати ҳамешагиро таъмин намоянд, ки мо 20 солагии ин гавҳари ноёбро моҳи июни соли ҷорӣ таҷлил менамоем. Дар ин ҷодда ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, новобаста аз барномаву мақсаду маромашон бояд якдилу якмаром ва якрӯ бошанд.

Зеро ҳодисаҳои манфуре, ки имрӯзҳо дар баъзе давлатҳо ба вуқӯъ омада истодаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки баъзе роҳбарони ҳизбҳо ва ҳаракатҳои ифротгаро зархариду бозичаи дасти аҷнабиёну давлатҳои абарқудрат  гардида, дар зери таъсири онҳо даст ба тазоҳурот мезананд ва меъёрҳои Конститутсия, сохти давлатдорӣ, қонунҳои амалкунандаи давлатҳояшонро риоя ва эътироф намекунанд. Онҳо ба ин васила чӣ давлат ва чӣ халқу миллатҳояшонро ба нестӣ оварда расонида истодаанд.

Дар ин замина Президенти кишвар бори дигар даргириҳо ва низоъҳои баъзе кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро пеши рӯ оварда, иштирокчиёни машваратро бо мақоле ҳушдор доданд, ки «ҳар буттае, ки оташ мегирад, худаш медонад, ки чӣ гуна месӯзад».

Ҳамаи ин ҳодисаҳои нангину нафратовар моро водор месозанд, ки новобаста аз ҳизбияту ба кадом ҷамъият мансубият доштанамон, хушёрию зиракии сиёсиро пеша карда, барои рушду нумӯъ, истиқлолияти бегазанд ва сулҳу суботи шикастанопазири халқу миллати тоҷик дар атрофи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софдилонаю дилгармона муттаҳиду якҷо бошем.

Зеро дар ин давраи ҳассосу зудтағйирёбанда ва хатарзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, мо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, хусусан ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, новобаста аз Барнома ва оинномаҳои ҳизбӣ, бояд тамоми корҳои ташкилию сиёсӣ ва идеологиамонро бо сафарбарии аъзои худ дар миёни аҳолӣ якҷоя бо мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳукуқ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои  шомилшавии на танҳо ҷавонон, балки баъзе аз ашхоси сустиродаю зудбовар, ки фирефтаи ваъдаҳои касифу бардурӯғи ҳаракату гурӯҳҳои тундрав, бахусус гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ» гардида истодаанд, равона намуда, нагузорем, ки номи Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ доғдор гардад.

Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон таъкид карда истодаанд, ин ҳаракатҳо ва ҷанҷолҳои таҳмилӣ ба дини муқаддаси ислом ягон иртибот надоранд.

Қобили зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои тоату ибодат ва амалӣ намудани расму оинҳо барои ҳамаи пайравони дину мазҳабҳо ва ақаллиятҳои миллӣ тибқи талаботи қонунгузории кишвар тамоми шароиту имкониятҳо таъмин ва фароҳам оварда шудаанд. Вале дар ҳар сурат бояд ходимони дин ва пайравони мазҳабҳои гуногун ба сиёсати дохилию беррунии давлат кордор набошанд. Зеро тибқи моддаи 8-и Конститутсияи Тоҷикистон «иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд».

Мавриди зикр аст, ки Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар Барнома ва Оинномаи худ суннатҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро ҷонибдорӣ намуда, дар баробари ин ҳама гуна зуҳуроти номатлуби маҳалгароӣ, миллатчигӣ, шовинистӣ, таассуби динӣ ва ифротгароии сиёсиро қотеъона маҳкум месозад ва тамоми фаъолияти  ташкилию сиёсӣ ва идеологиашро ба хотири ба даст овардани ризояти ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пешрафт, якпорчагӣ ва ҷудоинопазирии халқу миллатҳои Тоҷикистон ба ҳайси як узви аз аъзои фаъоли Шӯрои ҷамъиятӣ сафарбар карда истодааст. Ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати аъзои Шӯрои ҷамъиятиро ба боз ҳам васеътар гардонидани фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ вобаста ба авзои ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва торафт афзудани муборизаи иттилоотӣ ҷалб намуда, аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки нақшаи чорабиниҳои Шӯро дар мақомоти маҳаллӣ ниҳоят заиф амалӣ шуда, ҷаласаҳо сари вақт доир намешаванд, созмонҳо ва ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба корҳои таблиғотӣ кам ҷалб мешаванд ва дар ин замина пешниҳоду дастур доданд, ки кору фаъолияти Шӯро дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷоннок карда шаванд. Ин пешниҳоду дастури Роҳбари кишвар   пурра қобили дастгирӣ мебошад.

Мо аз ҷониби хеш ҳама вақт омодаем, ки  сарфи назар аз гуногунандешии сиёсӣ, дар асоси эҳтироми тарафайн бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон, тарғиби дастоварду арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳисси миллӣ, таълиму тарбияи   ҷавонон дар рӯҳияи ватандориву ватандӯстӣ, бо мақомоти маҳалии ҳокимиятӣ давлатӣ шарики боэътимоди давлат буданамонро собит намоем.

Субҳон САФИАЛОЕВ,

Котиби якуми кумитаи душанбегии Ҳизби Коммунисти  Тоҷикистон,

вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Январь 30, 2017 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад