«Тоҷикагролизинг» мошинҳои пахтачинии муосирро ба ҷумҳурӣ ворид менамояд
ДУШАНБЕ, 26.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2017 Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» бо мақсади таъмини пурраи талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ нақша дорад мошинҳои пахтачинии муосир, таҷҳизоти пиёзшинонӣ, пиёзканӣ, тамоми намудҳои тухмипошакҳои зироати ғалладонагӣ, решаканак ва мошинҳои сарчинро ба корхонаҳои истеҳсолкунанда фармоиш дода, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.
Тавре директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода зимни нишасти матбуотӣ баён намуд, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани ҷумҳурӣ мебошад ва дар робита ба ҳамин корхона вазифадор аст, ки дар заминаи механикунонии соҳаи кишоварзӣ роҳҳои ҳалли ин масъаларо ҷустуҷӯ намояд.
Роҳбарияти КВДҶ «Тоҷикагролизинг» вобаста ба фармоиши хоҷагиҳои деҳқонӣ дар наздиктарин фурсат техника ва таҷҳизоти дилхоҳро харидорӣ намуда, бо тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) дар ихтиёри онҳо қарор медиҳад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






