Қуръакашии бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар Кремл мегузарад
ДУШАНБЕ, 24.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Қуръакашии бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон -2018 1-уми декабри соли 2017 дар Кремл мегузарад. Дар ин бора ноиби сарвазири Россия Виталий Мутко ба рӯзноманигорон хабар додааст. Ба гуфти ӯ, роҳбарияти ФИФА гузаронидани қуръакашии бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон 2018-ро, ки дар 11 шаҳри Россия соли оянда мегузарад, маъқул шуморидааст.
Омодагӣ ба ин чорабинии муҳим аз рӯи нақша идома дорад. Имсол аз 17 июн то 2 июл дар шаҳрҳои Қазон, Сочи, Санкт-Перербург ва Москва бозиҳои Ҷоми Конфедератсия гузаронида мешаванд. Соли оянда вақти гузаронидани бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол аз 14 июн то 15 июл муқаррар шудааст.
«1 декабр гузаронидани қуръакашии бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футболро дар Кремл ба ФИФА пешниҳод кардем. Ин даъват аз ҷониби онҳо пазируфта шуд», -овардааст суханони Муткоро ТАСС.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






