Усмоналӣ Усмонзода: «Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон афзудааст, сатҳи обанбори Норак ҳам баланд аст »

Январь 24, 2017 17:09

ДУШАНБЕ, 24. 01.2017/АМИТ «Ховар»/. «Дар соли сипаригардида дар Тоҷикистон беш аз 17,2  миллиард кВт соат  неруи барқ  истеҳсол гардидааст, ки дар қиёс  ба ҳамин давраи соли  2015-ум беш аз 105 миллион кВт соат  зиёд мебошад». Ин матлабро Усмоналӣ  Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 январ дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон баён кард.
Истеҳсоли беш аз 17,2  миллиард кВт соат неруи барқ  дар кишвар дар соли гузашта дар ҳолест, ки шурӯъ аз 14 январи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри маҳдудияти интиқоли неруи барқ ба аҳолӣ  дар мавсими зимистон пурра аз байн бардошта шуда, имрӯз тамоми сокинони Тоҷикистон бо неруи барқ таъминанд. Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар пурра аз байн бардоштани меъёри маҳудияти нерӯи барқро дар кишвар ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе  бо тавоноии 400 МВт ва афзоиши  истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои  кишвар ва дар ин замина фароҳам омадани имкониятҳо дар низоми энергетикии кишвар ё худ изофа гардидани аз 8 то 9 миллион кВт соат неруи барқ марбут донист.  Ҳамзамон вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар афзуд, ки алҳол сатҳи обанбори неругоҳи барқи обии Норак нисбат ба соли 2015-ум  3 метр ва дар қиёс ба соли 2016 беш аз 1,5 метр баланд мебошад.
Аз 17, 2 миллиард кВт соат неруи барқи истеҳсолгардида  дар соли гузашта дар кишвар  14,4 миллиард кВт соат ба ширкати «Барқи Тоҷик», зиёда аз 1,9 миллиард кВт соат ба неругоҳи «Сангтӯда -1» ва боқимонда ба неругоҳи «Сангтӯда-2» ва ширкати «Помирэнерҷӣ» рост меояд.

Январь 24, 2017 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд