Варзиш гарави дӯстию рафоқат аст
ДУШАНБЕ, 26.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таҳсилоти иловагии назди бахши маорифи шаҳри Сарбанд маҳфилҳои «Мусаввирон» ва «Дастони моҳир» дар мавзӯи «Соли 2017-соли ҷавонон» баргузор гардиданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҳфил озмунҳои расм, дастдӯзиҳои беҳтарин ва мусобиқаҳо оид ба футболи хурд, волейбол ва шоҳмот доир гардида, ғолибон бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Мақсади чунин озмунҳо рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ҷалби бештари ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, таҳким бахшидан ба дӯстию рафоқат, пешгирии ҷавонон аз даст задан ба ҳар гуна амалҳои номатлуб ва шавқовар гузаштани таътили зимистонаи мактаббачагон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Ҳамчунин рӯзҳои наздик баргузории мусобиқаҳо аз намуди гӯштини миллӣ, тенниси рӯйи миз ва дастхобонӣ дар назар дошта шудааст.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






