Вазорати нақлиёт, Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Январь 27, 2017 17:36

ДУШАНБЕ, 27.01.2017. /АМИТ Ховар/. Рӯзи душанбе, 30 январи соли 2017 Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Роҳбарони сохторҳои мазкур омодаанд, ки ба суолҳои хабарнигорони ВАО оид ба дастоварду камбудиҳои фаъолияташон дар соли 2016 посух бигӯянд.
Хотиррасон менамоем, ки нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09-00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар», Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11-00 дар бинои худи Вазорат ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 15-00 дар бинои Кумитаи мазкур баргузор мегарданд.
Барои гузаронидани нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо метавонанд бо Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» бо рақами телефони 918-21-52-04 тамос гиранд.

Январь 27, 2017 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид