Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Телевизиони «Сафина» рӯзноманигоронро ба нишасти матбуотӣ даъват менамоянд
ДУШАНБЕ, 10.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 11 январи соли 2017 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Палатаи савдо ва саноат, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд. Зимни нишастҳо роҳбарони ин ниҳодҳо аз дастовард ва камбудиҳои соҳаи худ ба хабарнигорони ВАО гузориш медиҳанд.
Хотиррасон менамоем, ки нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» соати 11-00 дар маркази матбуоти Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 40, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11:00 дар бинои худи Вазорат, кӯчаи Шевченко, 61, Палатаи савдо ва саноат соати 08-40 дар бинои Палатаи мазкур, кӯчаи Валаматзода, 21, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино соати 08:00 дар толори Донишгоҳ, хиёбони Рӯдакӣ, 139 ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ соати 10:00 дар толори Донишгоҳ, кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, 10 доир мегарданд.
Барои гузаронидани нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо метавонанд бо маркази матбуоти АМИТ «Ховар» бо рақами телефони 918-21-52-04 тамос гиранд.








Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






