ВКД барои ошкор ва дастгир кардани террористон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад
ДУШАНБЕ, 21.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои ошкор ва дастгир намудани аъзои гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ ҳамеша омодаи ҳамкорӣ буда, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад. Вазири корҳои дохилии мамлакат Рамазон Раҳимзода дирӯз дар нишасти матбуотӣ чунин изҳор кард: «Вақте шаби ҷашнгирии соли нав дар яке аз қаҳвахонаҳои Туркия амали террористӣ содир карда шуд, хабарҳо паҳн шуданд, ки гӯё ин амали террористӣ аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон содир шуда бошад. ВКД ба ин хабар фавран вокуниш нишон дода, аз пайи таҳқиқ ва санҷиши хабари мазкур шуда, бо роҳи ҳамкорӣ ба дархостҳои ҷониби Туркия ҷавобҳои саривақтӣ фиристонида шуданд. Дар натиҷа маълум карда шуд, ки ҷинояти мудҳишро дар Туркия шаҳрванди Тоҷикистон содир накардааст».
Баъд аз дастгир шудани террорист аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабари дигар паҳн гардид, ки гӯё шахси шаби ҷашнгирии соли нав амали террористӣ содиркарда бо шаҳрвандони Тоҷикистон робита дошта бошад. «Вобаста ба асос доштан ва ё надоштани хабари мазкур низ Вазорати корҳои дохилӣ фаъолона кор бурда истодааст», — зикр кард Рамазон Раҳимзода.
Аз тарафи ВКД оид ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия қарор доранд, зиёда аз 20 дархосту ахбор ба ҷониби Туркия фиристонида шудааст. «Ин дархостҳо нисбат ба шаҳрвандоне мебошанд, ки дар Туркия ба ҷалби одамон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ машғуланд, ҳамчунин нисбат ба онҳое мебошад, ки бо гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ робитаи наздик доранд», — таъкид намуд Р.Раҳимзода.
Мутаассифона, то ҳоло аз тарафи мақомоти дахлдор нисбат ба ин маълумоту дархости Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоби қонеъкунанда ворид нашудааст.
«Новобаста ба ин, мо мо кӯшиш карда истодаем, ки дар ин бахш бо ҷониби Туркия ҳамкории судманд ва наздик дошта бошем, то ин ки шахсони ба терроризм робита дошта ошкор ва дастгир карда шаванд», — зикр кард Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон. «Аз ҷумла, барои ошкор ва дастгир кардани он шахсоне, ки бо террористи дар шаби соли нав ҷиноятсодиркарда робита ва ҳамкорӣ доштанд, мо аз тарафи худ нисбат ба шахсони ба гурӯҳҳои террористӣ алоқаманд ва дар кофтуков қарордошта ба ҷониби Туркия маълумотнома пешниҳод кардем».








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






