15 феврал-Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон. Дар ҷумҳурӣ танҳо як шуъбаи саратоншиносии кӯдакона фаъол аст
ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон ҷашн гирифта мешавад. Бино ба маълумоти оморӣ, ҳамасола дар ҷаҳон қариб 200 ҳазор нафар кӯдакон ба бемории саратон гирифтор шуда, нисфи онҳо ҳалок мегарданд. Бемориҳои омосҳои бадсифат дар тамоми узви бадани инсон пайдо шуда метавонанд.
Моҳира Умарова, мудири шуъбаи саратоншиносии кӯдакона ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки шуъбаи саратоншиносии кӯдакона дар ҷумҳурӣ ягона буда, дар ин ҷо аз тамоми ҷумҳурӣ кӯдакон муолиҷа мешаванд. «Дар шуъбаи мо кӯдакони аз синни таваллуд то 18- сола табобат мешаванд. Сабаби гирифтор шудани кӯдакон ба ин беморӣ гуногун буда, он аз насл ба насл метавонад гузарад. Дар натиҷаи никоҳи хешутаборӣ низ бештари кӯдакон бо бемории саратон таваллуд мешаванд. Аз ҷумла, вақте ҷанин дар батни модар зарар мебинад, вай ба бемории саратон гирифтор мешавад»,-иброз дошт Моҳира Умарова.
Бино ба гуфтаи мутахассиси саратоншинос, ин беморӣ дар байни кӯдакон сол то сол зиёд шуда истодааст. «Дар соли 2015 теъдоди кӯдаконе, ки бо бемории саратон аввалин маротиба ба мо муроҷиат кардаанд, қариб 127 нафар буд. Соли 2016 теъдоди чунин беморон беш аз 150 нафар ба қайд гирифта шуд. Миқдори умумии бемороне, ки дар шуъбаи мо муолиҷа мешаванд, қариб 1000 нафар мебошад ва онҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурианд»,-зикр намуд саратоншинос.
Чунин кӯдакон аз табобати комплексӣ мегузаранд, яъне онҳо тариқи ҷарроҳӣ, муолиҷаи кимиёвӣ ё нурӣ табобат мешаванд.
«Дар Тоҷикистон бештар бемории саратони лимфоӣ маъмул мебошад. Аз ин навъи беморӣ системаи лимфоии организми кӯдак осеб меёбад. Табобати чунин кӯдакон қариб ду сол давом ёфта, беморон то 5 сол таҳти назорати доимии духтур қарор мегиранд»,-зикр намуд Моҳира Умарова.
Ҳангоми сари вақт муроҷиат кардан ба мутахассисон, фоизнокии сиҳатшавии беморӣ дар дараҷаи якум ва дуюм зиёдтар мегардад. Бино ба иттилои мутахассиси саратоншинос, бештари беморон танҳо дар дараҷаи сеюм ва чорум ба онҳо муроҷиат мекунанд.
«Нишонаҳои асосии саратон гуногунанд. Модарон ва духтурони оилавӣ метавонанд тариқи пайдоиши омосҳо дар бадани кӯдак омосро муайян кунанд. Кӯдакони бемор беҳол, беиштиҳо мешаванд ва ҳарорати баданашон то 37,6 дараҷа баланд мегардад»,-зикр дошт духтур.
Дар шуъбаи саратоншиносии кӯдакон утоқи махсус барои бозии кӯдакон омода шудааст. «Кӯдакони гирифтори бемории саратон ба таври тӯлонӣ табобат мешаванд, аз ҳамин сабаб мо кӯшиш мекунем, ки барои онҳо тамоми шароитро муҳайё созем. Барои мактаббачагон дар шуъба дарсҳои мактабӣ таълим дода мешаванд, то онҳо ҳангоми муолиҷа аз дарсҳо дур намонанд. Инчунин дар шуъба духтури равоншинос фаъолият мекунад, ки ҳамарӯза бо волидон ва кӯдакон кор мебарад»,-афзуд саратоншинос.
Бино ба маълумоти Моҳира Умарова, аз соли 2009 то инҷониб Бунёди хайриявии «Лона» ин шуъбаро сарпарастӣ мекунад. Ҳама дорувориҳо ройгон аз ҷониби ин бунёд харидорӣ мешаванд. Дар соли 2016 аз ҷониби ин бунёд ба беш аз 800 ҳазор сомонӣ доруворӣ харидорӣ шудааст. Дар ҳамаи идҳои давлатӣ ба кӯдакони бемор туҳфаҳо супорида мешаванд.
Лайло ТОҲИРӢ








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






