А. Гасанов, сафири Озарбойҷон: «Бо доштани чунин Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст»

Февраль 11, 2017 12:45

ДУШАНБЕ, 11.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озорбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов мулоқот намуд. Зимни суҳбати самимӣ ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои фарҳангиву иттилоотӣ табодули назар намуданд.

Зикр гардид, ки 29 майи соли равон ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 25 сол пур мешавад. Айни замон, заминаи шартномавию ҳуқуқии Тоҷикистону Озарбойҷон беш аз 30 ҳуҷҷатро дарбар гирифта, яке аз санадҳои поягузор — Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 16 марти соли 2007 ба ҳисоб меравад. Асноди баимзорасида заминаи ҳуқуқии ду кишварро мустаҳкам намуда, барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, андоз, гумрук, корҳои бонкӣ ва ҷалби сармоя равона шудааст.

«Ба рушди бемайлони ҳамкорӣ миёни кишварҳоямон қабл аз ҳама муносибати неку дӯстона ва мулоқотҳои сарварони ҳарду давлат мусоидат мекунанд», — гуфт Саидалӣ Сиддиқ. Ӯ иброз дошт, ки робитаҳои Тоҷикистону Озарбойҷон бо садоқат ба анъанаҳои дерини дӯстии халқҳои ду кишвар густариш меёбанд. Бино ба андешаи роҳбари Агентӣ, умумиятҳои фарҳангии мардумони мо, масалан, дар шабеҳияти жанрҳои мусиқии «Шашмақом» ва «Мугам», «Фалак» ва «Ашуг» таҷассум ёфта, осори гаронбаҳои шоир ва мутафаккири бузург Низомии Ганҷавӣ мероси муштараки халқҳои ду кишвар маҳсуб меёбад.

Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки АМИТ «Ховар» дар доираи Шӯрои сарварони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо агентиҳои мақомоти иттилоотии кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла  Озарбойҷон ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Барои мисол, аз оғози соли равон дар сомонаи Агентӣ гӯшаи «Шарикони мо» таъсис дода шуд, ки дар он ахбори ду хабаргузории бонуфузи Озарбойҷон – «Азертадж» ва «Тренд» пайваста ва ба таври фаврӣ ҷой карда мешаванд. Ҳамзамон чунин гӯшаҳо дар сомонаҳои «Азертаҷ» ва «Тренд» низ созмон дода шудааст, ки дар онҳо замимаи АМИТ «Ховар» мавҷуд аст.

Аббосалӣ Гасанов аз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯи кишвари мо ёдовар шуда, хизматҳои бемисли Ҷаноби Олиро ба хизматҳои Гейдар Алиев барои Озарбойҷон дар як радиф арзёбӣ намуд. «Тавре Гейдар Алиев чун пешвои миллӣ барои мардуми Озарбойҷон хизматҳои шоиста кардааст, Эмомалӣ Раҳмон низ барои мардуми тоҷик корҳои бузургеро ба сомон расонидааст, пеш аз ҳама ӯ Тоҷикистонро аз вартаи нобудшавӣ раҳо бахшидааст, — изҳор дошт Сафири Озарбойҷон А. Гасанов ва илова намуд: «Ҳеҷ сарвату боигарӣ ба сулҳу субот ва оромии кишвар баробар шуда наметавонад. Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд, имрӯз яке аз кишварҳои боамну босуботи сайёра мебошад ва ин амну субот ба рушди олии кишвари шумо мусоидат хоҳад намуд. Ин неъмати олиро бо хости Худованд маҳз Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми тоҷик ҳадя намудааст. Бо доштани чунин Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст».

Гасанов дар бораи саҳми намояндагони озаритабор дар соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳиссаи тоҷиктаборон дар соҳаҳои Озарбойҷон изҳори ақида намуда, гуфт, ки мо бояд хизматҳои неки онҳоро фаромӯш насозем ва бо ҷалби рӯзноманигорон ва адибону олимон бо навиштани хабару мақолаҳо онҳоро ба насли ҷавон муаррифӣ намоем.

Сафири Озарбойҷон ҳамчунин дар бораи таъми нотакрори обҳои Тоҷикистон сухан ронда, чунин иброз намуд: «Агар Тоҷикистон оби худро ба хориҷи кишвар содирот кунад, нафъи он аз фоидаи кишварҳое, ки аз нафту газ ба даст меоранд, бештар хоҳад буд!».

Дар охир ҷонибҳо оид ба имкониятҳои густариши ҳамкорӣ дар бахши иттилоот изҳори назар намуда, ба ҳамдигар дар амалӣ сохтани ҳадафҳои умумӣ комёбиҳо орзу намуданд.

2G3A9063

Февраль 11, 2017 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд
Дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳамоиши «Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон» баргузор гардид
Раиси иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси Душанбе даъват шуд
Масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳон бо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Дар Душанбе бахшида ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 брифинг доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар Женева татбиқи лоиҳаҳо дар самти ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея рақамикунонии омӯзиши фанҳоро дар мактабҳои миёна табодули таҷриба менамоянд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самти об ва иқлим баррасӣ шуд
Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон мулоқот анҷом дод