Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир барои донишҷӯён дарсҳои амалӣ ба роҳ мемонад
Хоруғ, 09.02. 2017. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни факултаи сайёҳӣ ва меҳмоннавозии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев дониши назариявии худро дар амал месанҷанд. Ин имкониятро барои онҳо мутахассисони Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии Помир фароҳам оварданд. Директори иҷроияи ин ассотсиатсия Асадшо Зоолшоев гуфт, ки «бо назардошти дурнамои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ва таваҷҷуҳи ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин соҳа мо тасмим гирифтем, ки барои омода намудани мутахассисони касбӣ саҳми худро гузорем. Сарзамини мо барои ҷалби сайёҳони дохилию берунӣ шароити басо мусоид дорад. Фақат зарур аст, ки кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯро тарбия ва ба камол расонем. Кадрҳоеро, ки бо таърих, урфу одат, расму сунат ва анъанаҳои халқи тоҷик ҳаматарафа ошно бошанд ва дасти кам бо се забон суҳбат карда тавонанд. Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ барҳақ таъкид доштанд, ки «Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад».
Асадшо Зоолшоев гуфт, ки мутобиқи барномаи таълимӣ дарси аввали амалиро аз шиносоӣ бо меҳмонхонаҳо ва муомила, одобу шеваи қабули меҳмонон шурӯъ кардем. Дар машғулиятҳои баъдина донишҷӯёнро бо тарзу усулҳои хизматрасонӣ дар бозору дӯконҳои фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандони мардумӣ ошно хоҳем кард.
Соли равон факултаи сайёҳӣ ва меҳмоннавозии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро 10 нафар хатм мекунанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






