Ҷавониро далерӣ, зиракию нанг мезебад
ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо ҷавонон оғоз гардид.
Тавре аз Маркази матбуотии Вазорат хабар доданд, дар чорабинӣ курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, афсарони Сарситоди ҳамоҳангсозии Воҳидоти таъйиноти махсуси ВКД, гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» ва насли ҷавони милитсия аз дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ширкат доранд.
Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».
Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.
Айни замон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ дода мешавад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






