Ҷавонон ба илму технологияи муосир таваҷҷуҳ доранд
ДУШАНБЕ, 18.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб дар доираи тадбирҳо бахшида ба Соли ҷавонон озмуни «Техникаи муосир-асоси пешрафти кор»-ро байни хонандагони фаъол баргузор намуд.
Дар озмун муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва донишкадаҳои олӣ фаъолона ширкат намуда, маҳорати баланди эҷодӣ ва дониши хуби касбӣ-техникӣ, дуруст истифода намудан аз шабакаи интернетро нишон дода тавонистанд.
Озмун дар се давр доир шуда, ғолибони даври аввал ва дуюм аз тарафи аъзои Кумитаи тадорукот муайян гардиданд ва дар даври ниҳоӣ иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории озмун- ҷалби ҷавонон ба донишандӯзӣ, омӯзиши адабиёти илмӣ- техникӣ, интихоби касбу ҳунар, ҳимояи Ватан, рушди илму технологияи муосир ва баланд бардоштани қобилияти эҷодӣ мебошад.