Ҷавонони Сарбанд дар рушди Тоҷикистон ҳиссаи арзанда мегузоранд
ДУШАНБЕ, 02.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Сарбанд дар қасри фарҳанги шаҳр баргузор гардид. Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа Раиси шаҳри Сарбанд Санавбар Самизода ҷавононро бо Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳадаф аз таъсиси Шӯро ба таври доимӣ дар ҳузури Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳр мебошад.
«Умед дорем, ки ҷавонони шаҳр дар қатори ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ дар корҳои созандагӣ, ободонӣ ва бунёдкории мамлакат фаъолона ширкат варзида, дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд»,-иброз дошт Санавбар Самизода.
Дар ҷаласа ҳамчунин котиби Шӯро, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд Азиз Азимов, муовини директори Неругоҳи барқи обии Сарбанд Умеда Хайруллоева аз ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуда, ваъда доданд, ки барои сазовор будан ба ин бовариву ғамхорӣ ҳамеша талош хоҳанд кард.