Бар асари таъсири тағйирёбии иқлим зиёда аз 50 фоизи аҳолии замин ба норасоии об рў ба рў мегарданд
ДУШАНБЕ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо ҷонибдории бештари давлатҳои дунё паризуфт. Бояд гуфт, ки ҳадафи қабул ва эълон гардидани ин даҳсолаи об истифодаи об ҳамчун манбаи истеҳсоли энергияи арзон ва тозаю безарар мебошад.
Дар робита ба ин мухбири АМИТ «Ховар» бо Лутфишо Лутфишоев, сардори шуъбаи бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон ҳамсуҳбат гардид.
«Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Воқеоти неругоҳҳои Чернобили Украина, Фукусимои Япония ва дигар садамаҳои неругоҳи атомӣ барои тамоми ҷаҳон собит намуд, ки ҳар чӣ зудтар ба истеҳсоли энергияи тоза ва арзон бояд гузашт. Дар Тоҷикистон аз 527 миллиард кВт соат истеҳсоли энергияи баҳогузоришуда, ҳамагӣ 3 — 4 % и он истифода карда мешавад. Ҳоло зиёда аз 98% неруи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда «неруи сабз» аст»,- зикр намуд Л. Лутфишоев.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, ҳамасола 22 март дар ҷаҳон чун Рўзи захираҳои оби тоза таҷлил мешавад. Бахшида ба ин ассотсиатсияи «Оби Умед»-и ноҳияи Шуғнон тасмим гирифтааст, ки вобаста ба истифодаи оқилонаи об дар ҳамаи деҳаҳои ноҳия семинар баргузор намояд.
«Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ният доранд дар ин чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда, дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлидори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати ҷалби сармояи ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ зодагони ноҳия ва муҳоҷирони меҳнатии муваффақи бурунмарзӣ барои рушди устувори соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии диёр ва беҳдошти муҳити зисти ноҳия саҳмгузор бошанд»,- зикр намуд Лутфишо Лутфишоев.
Офатҳои табиии марбут ба об ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи беш аз 60 миллиард доллар хисорот оварда, хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба зиндагонии зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион одам таҳдид мекунанд. Имрўз дар ҷаҳон беш аз 276 ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ вуҷуд доранд, ки қаламрави 148 кишвар ва беш аз 40% аҳолии ҷаҳонро фаро мегиранд. Аз соли 1960 то 2011 аҳолии Осиёи Марказӣ 3 маротиба зиёд шудааст. Имрӯз дар ин минтақа зиёда аз 60 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Тибқи арзёбии коршиносон, шумораи аҳолии сайёра соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил хоҳад дод, ки ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 фоизи аҳолии замин ба мушкилии норасоии об рў ба рў мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили ҷаҳонии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд.








«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд






