Баррасии барномаи миллии ҳифзи меҳнат ва лоиҳаи «Меҳнати арзанда»
ДУШАНБЕ, 10.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода 9 феврал бо ҳайати коршиносони Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳия ва роҳҳои татбиқи Барномаи миллии ҳифзи меҳнат ва лоиҳаи «Меҳнати арзанда»-ро муҳокима намуданд. Дар мулоқот коршиносони ТБМ Ролф Бюшел, Мокану Валентина ва дигарон ҳузур доштанд.
Дар доираи татбиқи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат 10 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва шиносоии Кумитаи миллӣ бо лоиҳаи техникии нави ТБМ «Мубориза бар зидди меҳнати кўдакон ва хариду фурўши одамон» ҳамоиш баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар ҳамоиш таваҷҷуҳи хосса ба хулосаҳои лоиҳаи «Барномаи ҳифзи меҳнат» ва тавсияҳои зарурӣ ба он дода шавад. Дар асоси фикру назари коршиносон ва мутахассисони таҷрибадори соҳаи ҳифзи меҳнат ҷанбаҳои калидии кор дар ин самт муайян карда мешаванд.
Лоиҳаи Барномаи ҳифзи меҳнат бо дастгирии шарикони иҷтимоӣ ва ТБМ барои давраи солҳои 2018-2020 омода мегардад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






