Баррасии дастгирии молиявии «Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ»-и Швейтсария дар Донишгоҳи тиббӣ

Февраль 13, 2017 14:48

ДУШАНБЕ, 13.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода бо роҳбари «Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ» аз Швейтсария Хелен Притерх масъалаи дастгирии машваратӣ, амалӣ ва молиявии Лоиҳаи мазкур мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон хабар доданд.
Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон зикр намуд, ки бо дастгирии Лоиҳа донишгоҳ дар самтҳои гуногун, ба монанди амаликунии соли таҳсили клиникӣ, беҳтар кардани сатҳу сифати раванди омӯзиш, омӯзонидани донишандӯзӣ ва малакаҳои амалию муоширатии касбии донишҷӯён, рушди Маркази омӯзиши малакаҳои амалии донишгоҳ бо баланд бардоштани самаранокии истифодаи технологияи муосири симулятсионӣ дар ҷараёни донишандӯзӣ ва малакаҳои амалӣ, ҳамчунин харидорӣ ва воридсозии адабиёти иловагии таълимию методӣ ва ғайраҳо ноил гаштааст.
Хелен Притерх, Роҳбари Лоиҳа аз Швейтсария иброз дошт, ки таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ ва дастгирии кормандони Лоиҳа дар ҳамаи самтҳо пешравиҳои сермаҳсули таълимӣ ба даст оварда шуданд.

Февраль 13, 2017 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад