Баррасии сиёсати давлатӣ оид ба рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Хазинаи таҳсилоти Аврупо машварат дар мавзўи «Натиҷаҳои сиёсат ва низоми таҳсилот ва таълимоти касбӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Тавре ки аз вазорати мазкур хабар доданд, дар он намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд. Дар семинар масъалаҳои марбут ба сиёсати кунунии давлатӣ оид ба рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон дар Тоҷикистон, бозёфтҳои таҳлили кишварӣ дар Тоҷикистон, Раванди Туринии соли 2016-2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Иштирокчиён ҳамчунин ҷанбаҳои мухталифи ислоҳот ва рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон дар Тоҷикистон, аз ҷумла босамарӣ ва натиҷанокӣ дар аксуламал ба талаботи демографӣ, иҷтимоӣ, инклюзивӣ, иқтисодиёт ва бозори меҳнат, натиҷанокии дохилии низоми таҳсилоти касбӣ, идора ва низоми он, инчунин пешравии ислоҳот дар таҳсилоти касбиро таҳлилу арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки барои корҳои минбаъда дар ҳамкорӣ ва ҳамдастӣ бо созмони Хазинаи таҳсилоти Аврупо дар доираи Раванди Турин пешниҳодоти созанда манзур гардад.
Бояд тазаккур дод, ки Раванди Турин соли 1994 бо узвияти 28 кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турини Италия таъсис ёфта, дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҳудуди кишварҳои узв фаъолият менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






