Берун аз футбол: дарвозабони ветнамӣ ҷазо гирифт
ДУШАНБЕ, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дарвозабони дастаи «Донгтам Лонган»-и Ветнам Нгуен Мин Нхутро Федератсияи футболи ин кишвар барои махсус дар даври шашуми Чемпионати Ветнам дар муқобили дастаи «Ҳошимин» (2:5) гол сар доданаш ба муҳлати ду сол аз футбол маҳрум кард.
Ба чунин муҷозот ҳамдастаи Нхут-муҳофизатгар Хюин Куанг, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Ветнам 45 бозӣ гузаронидааст, низ гирифтор шуд. Ба ғайр аз ин ду бозингар сармураббии дастаи «Донгтам Лонган» ва президенти клуб ба муддати 3 сол аз фаъолият дар футбол дур карда шуданд. Клуби «Донгтам Лонган» -ро низ ҷазо дода, ба маблағи 6,6 ҳазор евро ҷарима бастанд.
19 феврал дарвозабони дастаи «Донгтам Лонган» Нгуен Мин Нхут хатои довари майдонро сабаб шуморида, аз меҳмони худ –дастаи «Хошимин» дидаю дониста ба дарвозааш се гол сар дод.
Вохӯрии даври навбатии Чемпионтаи Ветнам бо ширкати дастаҳои «Донгтам Лонган» ва «Ҳошимин» то дақиқаи 90-ум мусовӣ- 2:2 идома дошт. Дар ҳамин вақт довар ба дарвозаи дастаи мизбон -«Донгтам Лонган» зарбаи 11-метраи шубҳанок таъйин кард. Дарвозабон аз ин қарор сар печида, пушташро ба иҷрокунандаи зарбаи пеналтӣ гардонд ва боз то анҷоми вақти иловашуда ба муҳофизатгар имкон дод, ки ҳарифон ба дарвозааш ду голи дигар зананд.
Бозӣ бо ғалабаи дастаи «Ҳошимин» бо натиҷаи 5:2 ба анҷом расид. «Донгтам Лонган» дар зинаи 14 ва «Ҳошимин» дар зинаи 8-уми Чемпионати Ветнам қарор доранд.








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






