Боздиди Салоҳиддини Рабонӣ аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии Салоҳиддини Рабонӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо олимони муассисаҳои илмӣ, кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Анҷумани дўстӣ ва робитаҳои фарҳангии халқҳои Тоҷикистону Афғонистон баргузор шуд.
Тавре аз Академияи илмҳо хабар доданд, президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки халқҳои ду кишвари бо ҳам ҳамсояро забону фарҳанги воҳид ва анъанаҳои миллӣ муттаҳид менамоянд.
«Салоҳиддин Раббонӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба талошҳои зиёиёну олимони Тоҷикистон дар роҳи барқарорсозии сулҳу ягонагӣ дар Афғонистон баҳои баланд дод ва изҳор дошт, ки омода аст робитаҳои илмию фарҳангии ду кишвари бо ҳам ҳамсояро дар оянда татбиқ намояд.
Доктори илмҳои таърих, Раиси Анҷумани дўстӣ ва робитаҳои фарҳангии халқҳои ду кишвар Қосимшо Искандаров ва академики АИ ҶТ Кароматулло Олимов изҳор намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тантанаи сулҳ ва ягонагӣ дар Афғонистон аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






