Боздошти 35 000 қуттича сигарети тамғаи «PINI»-и беборхат аз зери халтаҳои пиёз
ДУШАНБЕ, 28.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуқтаи гумрукии «Панҷи-Поён»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ мошини тамғаи «ДАФ», рақами давлатиаш ТҶ 42-06 РР 01, ронандааш Г.Н., бо ҷурми дар бордони мошин доштани маводи тамоку мавриди боздошт қарор гирифт.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми тафтиш муайян гардид, ки ронандаи номбурда дар қисми поёнии бордони мошин пинҳонгоҳи махсус сохта, дохили он ба миқдори 3 ҳазору 500 қуттӣ, баробар ба 35 ҳазор қуттича сигарети тамғаи «PINI»-и истеҳсоли Кореяро зери халтаҳои пиёз устокорона ҷойгир намуда, мехост ба таври қочоқ ва бидуни назорати гумрукӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол бидиҳад.
«Ҳангоми пурсиш ронанда Г.Н. иқрор шуд, ки ӯ ин миқдор маводи тамокугиро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастрас намуда, бо мақсади тиҷорат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст»,-хабар дод манбаъ.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






