Д. Қодирзода: «Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи давлату миллатанд». /Дар партави Паёми Пешвои миллат/

Февраль 18, 2017 10:00

ДиловарДУШАНБЕ, 18.02.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2017-ро  Соли ҷавонон эълон намуданд.  Пешвои миллат афзуданд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи  фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Дар робита ба ин масъала хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, профессор Диловар Қодирзода  ҳамсуҳбат гардид.

Ба андешаи Диловар Қодирзода, дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, неруи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад.

«Пешвои миллат бахусус ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон ҳамеша  дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд»,- баён дошт профессор.

Тавре ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд».

Диловар Қодирзода афзуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат бори дигар қайд гардид, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол  бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

«Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона  дар рушду нумўи кишвари азизамон моро бовар мекунонанд,  ки ҷавонон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд»,-илова кард ректори донишкада.

Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарўзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо гардида, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо намегузоранд, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созанд.

«Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон- Тоҷикистон кўшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд»,-таъкид дошт Диловар Қодирзода.

Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро дар Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон доштанд. Ҷавонони  мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ  медонанд.

«Устодони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, ки қисми зиёдашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, пас аз шиносоӣ бо Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат мунтазам кўшиш намуда, дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои хоҷагии халқи мамлакат ҳиссаи арзишманд гузоранд.  Устодони донишкада тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва меҳнатдӯстӣ, аз худ намудани  забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир, таъмини талаботи бозори меҳнат бо мутахассисони соҳибкасб ва амсоли инро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафти Тоҷикистони азизамон боз ҳам фаъолтар меҳнат мекунанд»,-иброз дошт ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, профессор Диловар Қодирзода.

 

Лайло ТОҲИРӢ

Февраль 18, 2017 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад