Дар Душанбе якчанд ҳолати дуздии барқ ошкор гардид

Февраль 11, 2017 12:06

ДУШАНБЕ. 11.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ситоди байниидоравии ҷумҳуриявӣ дар ҳудуди пойтахт якчанд қонуншиканиҳоро вобаста ба ғайриқонунӣ истифода бурдани нерӯи барқ, ҳолати санитарию гигиенӣ ва қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ошкор намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти Саридораи хадамоти давлатии оташхомӯшкунии ВКД ҶТ Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод.
Ӯ зикр намуд, ки аз ҷумла, сокини кӯчаи Навободи ноҳияи И.Сомонии пойтахт Муҳаббат Буриева, соли тавалудаш 1982, дар нонвойхонаи худ аз симчӯби асосӣ қувваи барқро бо роҳи дуздӣ ва бе ҳисобкунаки барқӣ истифода карда, бо ин кирдораш ба буҷаи давлат зарари калони моддӣ расонидааст.
Далели дигари тасарруфи нерӯи барқ дар яке аз ошхонаҳои миллӣ, воқеъ дар ҳудуди Маркази савдои «Ганҷина»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишони ВКД ошкор карда шуд.
Дар рафти санҷиш муайян гардид, ки соҳибкори ошхона Сунатулло Ёрови 37-сола, дидаву дониста тайи чанд муддат инҷониб барои тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ қувваи барқро берун аз ҳисобкунаки барқӣ фаровон истифода бурдааст.
Ҳамчунин дар баробари истифода бурдани фурӯзонакҳои тафсон дар ин ҷо ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳолати санитарию гигиенӣ низ диққати ҷиддӣ дода намешавад.
Чунин далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар ошхонаи хусусии соҳибкор Рустам Раҳимов, воқеъ дар ҳудуди КВД «Бозори Шоҳмансур»-и пойтахт ҳам аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба қайд гирифта шуданд. Аз сабаби сарбории зиёд рӯйпуши кабелу ноқилҳо дар дохили сипари барқӣ сӯхтаву оташ гирифта, хавфи бевоситаи ба амал омадани ҳодисаи сӯхтор ва паҳншавии онро ба дигар қисматҳои бозор ба миён овардааст.
Дар идомаи чорабинии мақсаднок муайян гардид, ки дар дорухонаи соҳибкор Шералӣ Тешаев соли тавалудаш 1958, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт ҳолати санитарию гигиенӣ ва қоидаҳои зиддисӯхторӣ, тарзи захира ва нигаҳдории доруҳо риоя намегардад.
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта нисбати ҳуқуқвайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима татбиқ карда шуд.

Февраль 11, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид