Дар Хатлон «НКВД» ва «Ленин-юлӣ»-ро ба «Чорбоғ» ва «Абдулло» табдил доданд
ДУШАНБЕ, 18.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати кишвар ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлонро дар мавриди иваз кардани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ҷануби Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Тибқи он номи 2 деҳот, 13 деҳа ва 1 шаҳрак тағйир дода шуд. Дар ин росто деҳоти Сари Осиёби ноҳияи Ховалинг ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо гузошта шуд. Шаҳраки Колхозободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ «шаҳраки Балх» ном гирифт.
Инчунин деҳоти «Туғаланг»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба «Ҳалевард», деҳаи «Коминтерн» ба «Кишоварзон», деҳаи ба номи Ленин ба деҳаи «Деҳқонобод», деҳаи «Коммунизм» ба номи Саид Кароматулло, деҳаи «НКВД» ба «Чорбоғ», деҳаи «Ленин-юлӣ» ба номи Абдулло, деҳаи «Қизил-Тоҷикистон» ба номи Асадулло ва деҳаи Чапаев ба «Наврӯз» табдили ном карданд. Бояд зикр кард, ки деҳаҳои мазкур дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қарор доранд.
Инчунин деҳаи Чаманбулоқи деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон «Чаманзор», деҳаи «Қармиш» «Яккатут», «Утаган» «Гулибодом», «Қулобод» «Кӯлобод», «Қирғочак» «Анористон» ва деҳаи «Тутбулоқи сари санг» «Тутчашма» ном гирифтанд.
Мақсад ва зарурати тағйир додани номи ду деҳот, 1 шаҳрак ва 13 деҳа дар вилояти Хатлон мутобиқ намудани номгузорӣ ба меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамзамон эҳё ва ҳифз намудани номҳои таърихӣ, фарҳанги миллӣ ва ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони маҳалҳо мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






