Дар Коллеҷи милитсияи шаҳри Кӯлоб ҳамоиши «Ҷавонон — муҳофизони боэътимоди Ватан» доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 феврали соли равон дар Коллеҷи милитсияи шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Ҷавонон-муҳофизони боэътимоди Ватан» ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, шоираи ваҳдатсаро Хосият Вализода, муовини сардори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Хайриддин Аминзода ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Рамазон Насриддинзода сухан гуфтанд.
Бо мақсади рушди қобилияти зеҳнии ҷавонон миёни курсантон мусобиқаи варзишии шоҳмот ва шашка баргузор карда шуда, ба ғолибони мусобиқа ва роҳбарияти Коллеҷи милитсия барои ҳамкории судманд туҳфа ва сипосномаҳо тақдим шуданд.








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






