Дар Конибодом бахшида ба Рӯзи матбуот конфронс доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи матбуот, ки 11 март таҷлил мешавад, таҳти унвони «Таърихи пурғановати рӯзномаи мо» конфронси адабӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии вилояти Суғд хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар конфронс сармуҳаррири рӯзномаи маҳаллии «Садои Конибодом» Абдусаттор Содиқов аз таърихи таъсиси рӯзнома ёдовар шуда, зикр намуд, ки ҳанӯз аз соли 1932 нахустин шумораҳои рӯзнома ба табъ расидаанд ва то имрӯз «Садои Конибодом» рисолати худ — инъикоси воқеии ҳаёти шаҳр ва мардуми онро иҷро намуда истодааст. Мавсуф иштирокдорони конфронсро бо шумораҳои солҳои аввали рӯзнома, ки дар бойгонии идораи рӯзнома нигоҳдорӣ шудаанд, шинос намуд.
«Дар конфронс омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ перомуни забон ва услуби баён, риояи ҳамаҷонибаи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳангоми таҳияи мавод фикру андешаҳои худро баён доштанд»,- иттилоъ дод манбаъ.








БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






