Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Рашт вохӯриҳои судманд доир шуданд
ДУШАНБЕ, 06.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо иштироки роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва сардорони гурӯҳҳои кор бо ноболиғону ҷавонон, бахшҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва шуъбачаҳои милитсияи шаҳракҳо аз тамоми ноҳияҳои минтақаи мазкур машғулияти хизматӣ доир гардид.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт хабар доданд, зимни машғулияти хизматӣ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт Рустам Шафизода доир ба иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфт.
Зикр гардид, ки дар минтақаи Рашт наздики 400 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавҷуд мебошанд. Ҳамаи кормандони милитсияи минтақа дар самти пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ бо мактаббачагону омӯзгорон вохӯриҳо ташкил намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






