Дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи кишвар қочоқчиён безарар гардонда шуданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Се нафар қочоқчии номаълуми афғон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳад аз ҷониби қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон кушта шуданд.
Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев, ин ҳодисаҳо дар минтақаҳои дидбонгоҳҳои зертобеияти Отряди сарҳадии «Панҷ» ва «Ҳамадонӣ» ҳафтае қабл шабона ба амал омаданд.
Қочоқчиёни мусаллаҳи номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ба тарафи хизматчиёни ҳарбӣ оташ кушода, байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд.
Дар натиҷаи муқовимат як нафар дар минтақаи Отряди сарҳадии «Панҷ» ва ду нафар дар минтақаи Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» кушта шуда, боқимонда ба тарафи ҶИА фирор намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷойҳои ҳодиса наздики 50 кг маводи мухаддир, яроқи оташфишон, тирдон бо тирҳояш, милтиқи шикорӣ ва ду камераи резинӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Баъди тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷасадҳои шахсияташон номаълум ба намояндагони сарҳадии ҶИА супорида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






