Дар ноҳияи Деваштич чор муассисаи таълимӣ бунёд шуданд
ДЕВАШТИЧ,08.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри шароити мусоид фароҳам овардан дар таълиму тадриси толибилмон соли сипаригашта дар ноҳияи Деваштич бо дастгирӣ ва маблағгзории Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ҳамдастӣ бо соҳибкорону сокинони ноҳия чор бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич иттилоъ доданд, дар соли 2016 дар ҷамоату деҳоти ноҳия вобаста ба масъалаи сохтмон, таъмиру таҷдид ва навсозии муассисаҳои таълимӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24, деҳаи Росровут барои 640 нафар хонанда ба маблағи 16 миллиону 424 ҳазор сомонӣ қисмати аввали бинои мактаб, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и деҳаи Қалъаи Ҳоҷии Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи умумии 2 миллион сомонӣ бинои нави мактаб барои 320 нафар хонанда, дар назди муассисаи таълимии №15-и деҳаи Угуки Ҷамоати деҳоти Ваҳдат аз ҳисоби Сафоратхонаи давлати Ҷопон 8 синфхонаи иловагӣ ва 2 ҳуҷраи корӣ ва дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Муҷун биноҳои нави муассисаи таълимӣ тариқи ҳашари умумӣ ба истифода дода шуданд.
Ҳоло дар ноҳия сохтмони боз якчанд иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла дар назди Гимназияи №3-и деҳаи Далёни Боло сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ барои 120 нафар хонанда ва сохтмони толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и деҳаи Хоҷа Тоҳири Ҷамоати деҳоти Яхтан, толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Муҷун тариқи ҳашар ва навсозии 2 бинои садамавӣ ва сохтмони 1 бинои кўдакистони №1-и маркази ноҳия ҷараён доранд.
Дар маҷмӯъ, то имрӯз дар ноҳия 74 адад муассисаи таълимӣ, аз он 63 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 гимназия, 7 муассисаи томактабӣ ва як Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият доранд.
Ҳоло бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар тамоми таълимгоҳҳои ноҳия 71 ҳуҷраи компютерӣ бо 905 адад компютер, 162 адад принтер, 30 адад сканер ва 19 адад таҷҳизоти нусхабардорӣ муҷаҳҳаз мебошанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






