Дар прокуратураи ноҳияи Ашт Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар прокуратураи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт оид ба баррасии як зумра қонунҳо бо иштироки роҳбарият ва прокурори ноҳия ҷамъомад доир гардид. Тавре аз мақомоти иҷрояи ноҳияи мазкур хабар доданд, дар ҷамъомад татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» ва масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила баррасӣ карда шуданд.
Дар ҷамъомад масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву террористӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид карда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бояд мунтазам ба роҳ монда шаванд.
Масъулин вазифадор гардиданд, ки татбиқи қонунҳои мазкурро миёни мардум дуруст ба роҳ монанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






