Дар Сарбанд миёни роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ семинарҳои омӯзишӣ доир шуданд
ДУШАНБЕ, 16.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сарбанд миёни роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони соҳаи агросаноатӣ ва олимони кишоварзӣ семинарҳои омӯзишӣ ҷараён доранд.
Чанде пеш дар корхонаи «Зағертӣ», хоҷагиҳои ниҳолпарварии «Муъмин» ва «Шоҳмуродов» семинарҳои амалӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо хоҷагидорон маслиҳатҳои зарурӣ гирифта, донишҳои худро такмил доданд.
Мақсади семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳри Сарбанд- баланд бардоштани савияи дониши роҳбарони хоҷагиҳо ва кормандони соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, рушди боғпарварӣ, зиёд намудани зоти чорвои гӯштӣ ва ширӣ, пешгирӣ аз ҳашароти зараррасон ва бартараф намудани касалиҳо мебошад.