Дар Суғд ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ 120 рӯзи ободонӣ эълон гардид

Февраль 8, 2017 16:14

ХУҶАНД,08.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд тибқи қарори Раиси вилояти Суғд баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҳамзамон вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию сабзазоркунӣ дар қаламрави вилоят 120 рӯзи ободонию хуррамгардонӣ эълон гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи ташкилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, тибқи қарори мазкур воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади таҷлили солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию сабзазоркунӣ, таъмиру тармими биноҳои маъмурию истиқоматӣ, кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳои фароғатию мавзеъҳои истироҳатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Инчунин тоза кардани маҳалли зист аз партовҳо бо назардошти гузаронидани ҳашарҳои мардумӣ бо иштироки ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, хоҷагиҳо ва шаҳрвандон дар назар дошта шудааст.

Февраль 8, 2017 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад